Logo Logo
Офатҳои забон
Офатҳои забон

Офатҳои забон

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон



Муқаддима:



يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ... لَا يَغۡتَب بَّعۡضُكُم بَعۡضًاۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمۡ أَن يَأۡكُلَ لَحۡمَ أَخِيهِ مَيۡتٗا



Эй касоне ки имон овардаед... Бархе аз шумо аз дайгарӣ ғайбат накунад оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад ?



Сураи Ҳуҷурот ояти 12



Инсонҳо ҳар рӯз аз роҳи сухани гуфтан бо якдигар иртибот барқарор мекунанд; аз ин рӯ ба шакли нохоста дар маърази гуноҳоне чун ғайбати дурӯғу тӯҳмат қарори мегиранд ва бидуни онки худ тавваҷӯҳ дошта бошанд забонашон ба гуноҳ олуда мешавад чӣ басо агар эшон аз ҳақиқати ин гуноҳон огоҳ бошанд онҳоро тарк кунанд

Ин фасли аз китоб мекушад, то ба ҳудӯду суғури умури дарбораи ғайбат бипардозад, то огоҳӣ аз онҳо дар тарки ин гуноҳ муассир афтад. Зикри ин нукта дар оғози гуфтор зарурат дорад, ки рафтор, инсон аз ду буъди фиқҳӣ ва ахлоқӣ барраси мешавад баъди фиқҳӣ ба сӯрати амал зоҳири рафтор назар дорад ва аҳкоми фиқҳӣ дар бораи ҳаракоте аст, ки аз ҳар як аз аъзои бадании инсон сар мезанад; ба таври мисол ғайбат кардану дурӯғ гуфтан аз ҳаракатҳо ва рафторҳои узви забон аст, ки машмули ҳукми ҳурмат мешаванд.

Буъди ахлоқӣ ба решаи амал назар дорад ва ахлоқ дар бораи разила ва сифати нописанде, ки дар нафаси инсон, пайдо ва маншаи пайдоиши рафтори зишт мешавад баҳс мекунад дар ин фасл ба буъди ахлоқии ғайбат, таваҷҷӯҳ ва ба масоили фиқҳии ин рафтор ба ихтисори ишора мешавад



 



 



 



Мабоҳиси ироа шуда чунин аст:




  1. Таърифи ғайбат

  2. Ақсоми ғайбат

  3. Накӯҳиши ғайбат аз назари шаръ

  4. Решаҳои дарунии ғайбат

  5. Паёмадҳои зишти ғайбат

  6. Роҳҳои дармони ғайбат



1



Таърифи ғайбат



Ғайбат назд донишмандони илми ахлоқ ва фақиҳон, мутазаккир шудан ё фаҳмондани айбу нақси касе дар ғиёби, ӯ ба дигарон аст. Ба таъбири дигар ғайбат онаст, ки дар ғиёби касе ба баёни ончӣ нақлаш мояи нохӯшнудии ӯ мешавад бипардозанд.



Файзи Кошонӣ: Алмуҳаҷҷабатул байзоъ, ҷ 5, саҳ 255



 



Фарқи ғайбату бӯҳтон



Бӯҳтон яъне нақсу айберо, ки дар касе вуҷӯд надорад чӣ дар ҳузураш ва чи дар ғиёбаш ба ӯ нисбат диҳанд; пас агар айберо. ки дар шахсе вуҷӯд дорад пушти сараш ба ӯ нисбат диҳанд, ғайбати ӯро кардаанд; вале агар айбу нақсеро ки дар ӯ вуҷӯд надорад, ба ӯ нисбат диҳанд бӯҳтон задаанд; албата агар айберо, ки дар шахс вуҷӯд надорад пушти сараш ба ӯ нисбат диҳанд, ҳам ғайбати ӯро карда ва ҳам ба ӯ бӯҳтон задаанд ва аҳкоми ҳар ду маврид бар он сидқ мекунад. Ба ин маъно, ки ғайбаткунанда ҳам бояд истиғфор кунад ва ҳам аз он фард ҳалолият биталабад.



Абӯзари Ғаффорӣ (раҳ) аз Паёмбари Акрам (с) пурсид:



“Ғайбат чист?



Ҳазрат фармуд: 



ذِكْرُكَ أَخَاكَ بمَا يَكْرَهُ



قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ! فَإِنْ كَانَ فِيهِ الَّذي يُذْكَرُ بِهِ. قَالَ: اِعْلَمْ أَنَّكَ إِذَا ذَكَرْتَهُ بِمَا هُوَ فِيهِ فَقَدِ اغْتَبْتَهُ وَإِذا ذَكَرْتَهُ بِما لَيسَ فِيهِ فَقَدْ بَهَتُهُ



Ёд кардани бародарат ба чизе. ки аз он нохурсанд мешавад



Арз кардам:



Эй Расули Худо агар ин айб, ки гуфтем дар ӯ буд чӣ?

Фармуд: Агар ӯро ба айбе, ки дар ӯ буд ёдовар шудӣ ғайбат кардаӣ ва агар айберо, ки дар ӯ набуд мутазаккир шудӣ бӯҳтон задаӣ



Ҳурри Омулӣ: Васоилуш-шиъа, ҷ 12, саҳ 280



 



Дар ҳамин бора Имоми Содиқ (а) мефармояд:



إِنَّ مِنَ العَينَةِ أَنْ تَقُولَ في أَجَيْكَ مَا سَتَرَهُ اللهُ عَلَيْهِ و إِنَّ مِنَ الْبِهَتَانِ أَنْ تَقُولَ فِي أَحْيِكَ مَا لَيْسَ فِيهِ



Ҳамоно ғайбат иборат аст аз инки дарбораи бародарат, айберо, ки Худо барои ӯ пӯшонида аст, бигӯи ва ҳамоно бӯҳтон инаст, ки дарбора бародарат айберо, ки дар ӯ нест бигӯӣ



Ҳурри Омулӣ: Васоилуш-шиъа, ҷ 12, саҳ 282



 



Фарқи ғайбату тӯҳмат

Тӯҳмат онаст ки бар пояи ҳадсу гумони бад дар ҳаққи касе ба ӯ рафтор ё ҳолати нописандеро нисбат диҳанд; дар ҳоле ки ғайбат бозгуфтани айбҳои воқеии шахс дар ғийб ӯст.



 



2



 



Ақсоми ғайбат



 



Ғайбат бар чанд қисм аст.





1 Гуфторӣ

Ғайбати гуфторӣ машҳуртарин навъи ғайбат аст; яъне инсон нақси бародари мӯъминашро ба дигаран бигӯяд


 



2 Навишторӣ

Шахс, айберо, ки мехоҳад бигӯяд бинависад; дар ин сӯрат ба ҷои шунаванда хонанда вуҷӯд дорад.


 



3 Кирдорӣ

Фарде айби дайгареро бо намоиш ба дигарон бифаҳмонад.


 



4 Киноӣ

Касе бо истифода аз ҷумлаҳои кинояомез уюби дайгареро дар ғиёби ӯ ба дигарон бифаҳмонад; ҷумлаҳое мисли худоро шукр ки ба мо раёсат надод ё аз беҳаёӣ ба Худо паноҳ мебарам, ки киноя аз белаёқатӣ ва бе ҳаёии шахси ғоиб ҳастанд.


 



5 Ишорӣ

Яъне бо ишораи даст ва соири аъзо, айби дигареро бозгӯяд, ки ишора метавонад лафзӣ ё амалӣ бошад. Ривоят шудааст, ки зане вориди хонаи Паёмбар (с) шуд ва меҳмони Оиша буд. Вақте бархест ва рафт, Оиша бо дасташ ишора кард ва бо ин ишора мехост бигӯед, ки ӯ кӯтоҳ қад буд.



Ҳазрат фармуд:



قد اغتبتها



Ту ғайбат он зан кардӣ





Маҷмӯъаи Варром, ҷ 1, саҳ118



Анвои айбу нақс:

Дар мабоҳиси пешин оварда шуд ғайбат онаст ки инсон пушти сари бародар ё хоҳари мӯъминаш айб ё нақсеро, ки назди мардум маъруф набуда ё шунаванда намедонад, боз гӯяд.

Ҳол бояд ба баҳс аз анвоъ ва чигунагии ин айбу нақс пардохта шавад. Айбу нақс ақсоме дорад ки иборатанд аз:


 



1 нақси равонӣ-нафсонӣ:



Монанди он ки шахсе ба разилаҳои монанди ҳасад ё такаббур мубтало бошад ва пушти сари ӯ ба ин разоил ишора шавад .

 



2 нақси баданӣ:



Монанди он ки шахсе беморӣ ё нақси узве дорад, ки касе аз он огоҳ нест.



 



3 Нақси динӣ:



Мисли он ки шахсе дар намоз сустӣ кунад ва дар ҷое, ки ӯ ҳузур надорад ин айбро матраҳ кунанд.

 



4 Нақси молӣ:



Монанди он ки пушти сари мӯъмини обрӯманде, ки тавоноии молӣ надорад, суханоне ҳокӣ бар фақру нотавонии молии ӯ ба забон оварда шавад ё ба тариқи дигар фаҳмонда шавад. Ин амал агар аз рӯи дилсӯзӣ ҳам, бошад, ғайбат ба шумор меояд.

 



5 Нақси нисбӣ:



Монанди он ки бигӯянд падар ё аҷдоди фалон шахс, хасис ё фосиқ ва ё ғ... Бӯдаанд.

Бархе аз бузургон баёни нақсҳои мавҷӯд дар либос хона ва соири мутааллиқоти шахсро низ ғайбат ба шумор овардаанд.



Файзи Кошонӣ: Алмаҳаҷҷатул байзоъ, ҷ 5, саҳ 255