Logo Logo
Зарурат ва лозим будани пажуҳиш дин бораи дин
Зарурат ва лозим будани пажуҳиш дин бораи дин

Зарурат ва лозим будани пажуҳиш дин бораи дин

Муқадима



Дар мвридид дин ва таҳқиуқу баррасӣ дар бораи он, аввалин масъалае, ки матраҳ мешавад ин атс, ки бояд дид чӣ сабаб ва ё сабабҳои таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи дурустӣ ва нодурустии адёнро зарурӣ ва лозим мегардонад? Ва чаро бояд дини ҳақ ва саҳеҳро ёфт ва ба он пойбан шуд ва аз он пайравӣ кард.



Ақли ҳар инсони озодандеше ин таҳқиқ ва пажуҳишро лозим ва зарурӣ медонад ва бар хилофи онро ба ҳеҷ унвон ҷоиз ва дуруст намешуморад. Инсон бо ҳукми ақл, бояд таҳқиқу баррасӣ кунад, ки оё идао кунандагони нубувват ва пайғамбарӣ дар ҳақиқат пайғамбарони иллоҳӣ ва фиристодаи Худованд будаанд ё не?. Ва дар ин таҳқиқу баррасӣ  то онҷое пеш равад, ки ё итминон пайдо кунад, ки ҳамаи онҳо дуруғгу ҳастанд ва ё агар ҳақ ва ростгу ҳастанд, гуфтаҳои онҳоро бипазирад ва аз таълимҳо ва омузаҳои онҳо пойбанд кунад ва аз суханони онҳо итоат намояд.



 



Далел барои исботи зарурӣ будани пажуҳиш дар бораи дин



Лозим ва зарурӣ будани таҳқиқ ва пажуҳиш дар бораи дин ва аҳамтяяти онро бо чаҳор муқадима метавон исбот кард. Чигунагии истидлол барои исбот ин масъала иборат аст аз:



1- Инсон зотан ва ба таври фитрӣ ҷуёи саодат  ва камоли худ аст  ва ин амр аз муҳабати инсон нисбат ба зоти хеш, ки асоситарин ҳаракат диҳандаи фаолиятҳои инсон аст, нашъат ва сарчашма гирифтааст.



2- Суханеро, ки пайғамбар идао мекунад ин аст, ки: агар касе таълимҳо, омузаҳо ва суханони манро бипазирад ва бар асоси онҳо аъмал кунад, ба саодати ҷовидон даст меёбад ва зиндагии абадӣ насибаш мегардад, ва агар напазирад барои ҳамеша дар аъзоб ва машақат хоҳад монд ва дар зиндагии абадӣ саодатманд нахоҳад шуд ва баддахтӣ ҳамешагӣ домангир у хоҳад шуд.



3- Эҳтимоли дуруст будани ин идао вуҷуд дорад; яъне инсон яқин ба ботил ва нодурут будани сухани идаокунандаи нубувват надорад.



4- Аз онҷое ки он эҳтимол (саодат ва бадбахтии ҳамешагӣ абадии инсон) бисёр пур аҳаммият ва муҳим аст ва ҳеҷ масъалае ба ин сатҳе аз аҳаммият намерасад, ҳар андозае, ки эҳтимои саҳеҳ будани идаои онҳо андак бошад, ақлу хиради одам ҳукм мекунад, ки бояд дар бораи дурустӣ ё нодурустии суханони онҳо андеша кунад. Ба хусус агар бо тавҷҷуҳ ба далелҳо ва нишонаҳо ва шоҳидҳо, дурустии ин эҳтимол бисёр қавӣ бошад.



 



Чанд мисол барои равшантар шудани масъала



Чуноне ки агар шахси нобиное дар роҳе, ки меравад ба касе бархурд кунад, ки ба у бигуяд: “агар даҳ қадами дигар дар ин роҳ ҳаракат куни дар чоҳе суқут хоҳи кард, ки барои ҳамеша дар он шиканҷа мешави, аммо агар аз самти рост даҳ қадам ба пеш бирави вориди боғе хоҳи шуд, ки барои ҳамеша дар он аз беҳтарин лаззатҳо баҳраманд мегарди”. Аз тарафе шахси нобино ҳам эҳтимоли саҳеҳ будани гуфтори уро бидиҳад, дар ин сурат ақли у ҳукм мекунад, ки дар бораи дурустӣ ва нодурустии он сухан ба таҳқиқу баррасӣ бипардозад ва ё ҳади ақл, барои эҳтиёт роҳи худро тағйир диҳад.



Ё мисоли дигар онки агар кудаке ба шумо бигуяд, “ақрабе дохили либоси шумо шуда аст, фавран аз ҷои худ мепаред ва ҷома аз тан берун меоваред ва бо диққат, ҳамаи кунҷ ва ҷоҳои онро ҷустуҷу мекунед то ақрабро биёбед ва ё этминон пайдо кунед, ки дар либоси шумо чизе вуҷуд надорад.



Ё ба унвони мисоли дигар агар дар як сафари шабона бишнавед, ки роҳзанон ба камин нишастаанд, бидуни шак то роҳи беҳтарро шиносоӣ накунед, як қадам бар нахоҳен дошт.



Мисолҳои боло равшан месозад, ки пешгирӣ аз хатари эҳтимолӣ, бо ҳукми ақл, лозим ва зарурӣ аст. Албатта имкон дорад, ки бархе аз зарарҳо ночиз бошад ва бархе ба онҳо таваҷҷуҳ накунанд, аммо агар зиён ва зарари иҳтимолӣ ба қимати ҷон тамом шавад ва зиндагиро аз бай бибард, ҳеҷгоҳ наметавон онро нодида гирифт.



Аз ин ру вақте шахсе бидонад, ки дар гузари таърихи зиндагии инсон, яу гуруҳ аз инсонҳои воломақом ва барҷастае идао кардаанд, ки мо аз суи офаринандаи ҷаҳон омадаем то роҳи саодати абадии инсонро ба у  нишон диҳем, ва аз тарафи идгар мушоҳида кунем, ки ин афрод  ва ин инсонҳои воломақом дар роҳи расонидани паёми худ ва ҳидояти инсонҳо аз ҳеҷ талош ва кушише даст бар намедоранд ва ҳар гуна сахтӣ ва ранҷро таҳаммул мекунанд, ҳатто ҷони худро фадо кардаанд. Хирадмандона ва оқилона он аст, ки ин шахс ба таҳқиқ дар бораи дурустӣ ва ё нодурустии ин идаои онҳо бипардозад.



 



Бузургтарин ва муҳимтарин хатар ва зарар



Дар таърихи зиндагии инсонҳо, касонеро мешиносем ки ба ростгу ва дурусткорӣ машҳур будаанд. Онҳо  худро фиристодаи Худованд муъаррифӣ ва мардумро ба имон ба Худо ва анҷоми аъмол ва корҳое даъват кардаанд. Бар асари кушишҳо ва заҳматҳои паё пайи онҳо, дар ҳама суи олам, гуруҳҳои бисёре аз инсонҳо ба  онҳо пайвастаанд, ба тавре, ки таваллуди ҳазрати Исо(а) оғози таърихи масеҳиён ва ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад(с) оғози таърихи мусалмонон  шудааст.



Акнун аз худ мепурсем, оё гуфтори ин пайғамбарон, ки мардумро ба дин ва пайрави аз дастурҳои хос даъват карда ва онҳоро аз кайфари кирдори нописанд , тарсонидаанд ва муҳокима шудан дар додгоҳи бузург, дар пешгоҳи довари доно ва додгарро, ҳатми донистаанд,  ва ҳамеша аз сахтии дардҳо ва азобҳои қиёмат ва шиддати он азобҳои дарднок, менолиданд ва мардумро тарсу бим медоданд.



Оё ин тарсу ҳушдорҳои он инсонҳои воломақом ва барҷаста, ба андозаи хабар додани як кудак, барои мо эҳтимоли зарар ва хатарро ба вуҷуд намеоварад?!



Ва оё дуруст аст, ки мо суханон ва кирдори диндорони ҳақиқии ҷаҳонро  нодида бигирем ва ба он бетаваҷҷуҳӣ номоем? Дар ҳоле ки онҳо дар ақида ва имони худ то пои ҷон истоданд ва аз ҳеҷ гуна фадокорие дареғ наварзиданд.



Ошкор аст, ки гуфтори Пайғамбарони покдил, агар барои инсон яқин наоварад, ҳади ақал ин фикрро бар меангезад, ки:мумкин аст ин гуфтор рост бошад ва ин инсонҳо рост бигуяд”.



Ба ростӣ агар ин тавр  бошад, ки пайғамбарон мегуянд, вазифаи мо чист? Ва мо дар додгоҳи адли Худованд чӣ посухе дорем?



Инҷо  аст, ки ақл ва хирад пешгирӣ аз ин зарарро “дасти кам эҳтимолиро” воҷиб ва лозим мешуморад ва моро ба дунболи дин ва таҳқуқу пажқҳиш дар мавриди он мекашонад.



Бо изофа кардани ин ки онҳо мардумро ба зиндагии солим ва инсонӣ даъват мекунанд  ва низ мегуянд пас аз марг, ҷаҳоне аст васиъ ва неъматҳои абадие, ки дар интизори вазифа гузорон аст ва  хабар  медиҳанд,  ки дар онҷо ҷаҳони дигаре аст, саршор  аз ттминони хотир ва оромиши равон. Ҳамчнин дар онҷо бемори ва андуҳ, парешонӣ, изтироб ва тарс роҳ  надорад.



Оё ақли солим иҷоза медиҳад,  ки ин ҳама хабарҳои муҳимро нодида   бигирем?



Оё  набояд нисбат ба бимҳо ва ҳушдорҳо ва вадаҳои азоби пайғамбарон, ки мегуянд, гуноҳ ва маъсият кайфар дорад, таваҷҷуҳ кунем?  Ва ба дунболи дин биравем ва дар бораи он бияндешем?



Манбаъҳо ва адабиёт:



1-   Китоби “Дарсномаи ақоид”. Навесанда: Али Шервонӣ



2 - Китоби “Дарсҳое аз усули дин”. Навесанда: Муассисаи Дар роҳи ҳақ