Logo Logo
Чаро барои шиносоии офаринандаи ҷаҳон мутолиа ва фикру андеша мекунем?
Чаро барои шиносоии офаринандаи ҷаҳон мутолиа ва фикру андеша мекунем?

Чаро барои шиносоии офаринандаи ҷаҳон мутолиа ва фикру андеша мекунем?

Китоби “50 дарси усули ақоид барои ҷавонон”



Дарси аввал: Худоҷӯӣ



Чаро барои шиносоии офаринандаи ҷаҳон мутолиа ва фикру андеша мекунем?



1 - Ишқ ба огоҳӣ ва ошноӣ ба ҷаҳони ҳастӣ дар даруни ҷони ҳамаи мо вуҷуд дорад.



Ба ростӣ ҳамаи мо мехоҳем бидонем, ки ин осмони баландпоя, бо ахтарони зебояш, ин замини густарда бо манзараҳои дилфиребаш, ин мавҷудҳои рангоранг, парандагони зебо, моҳиён гуногун, дарёҳо, кӯҳҳо, шукуфаҳо ва гулҳо ва анвои дарахтони сар ба осмон кашида, худ ба худ ба вуҷуд омадаанд ё ин нақшҳои аҷиб ба дасти наққоши моҳир ва тавоно ва чирадаст кашида шудааст?



Аз ин гузашта, нахустин саволҳое, ки барои ҳамаи мо дар зиндагӣ пайдо мешавад, ин аст, ки:



Аз куҷо омадаем? Дар куҷо ҳастем? Ва ба куҷо меравем?



Ва агар мо посухҳои ин пурсишҳои сегонаро бидонем, чӣ қадар хушбахт хоҳем буд? Яъне, бидонем оғози зиндагиямон аз куҷо буда ва саранҷом ба куҷо хоҳем рафт? Ва акнун чӣ вазифае дорем?



Рӯҳи ҷустуҷӯгарамон мегӯяд, ки набояд орому қарор бошӣ, то посухи ин саволҳоро пайдо кунӣ.



Гоҳе дар як ҳодисаи ронандагӣ, касе захмӣ ва беҳӯш мешавад ва ӯро барои дармон ба бемористон мебаранд. Замоне ки ҳолу аҳволаш каме беҳтар мешавад ва ба ҳӯш меояд, нахустин чизе, ки аз атрофиёнаш мепурсад ин аст, ки дар куҷо қарор дорад? Чаро ба инҷо оварда шудааст? Ва кай аз инҷо меравад? Инҳо нишон медиҳад, ки инсон наметавонад дар баробари ингуна саволҳо хомӯш бошад.



Бинобарин нахустин чизе, ки моро ба думболи худоҷӯӣ ва шинохти офаринандаи ҷаҳони ҳастӣ мефиристад, ҳамон рӯҳи ташна ва ҷустуҷӯгарамон аст.



 2 - Ҳисси шукргузорӣ: Фикр кунед шуморо ба як меҳмонии обрӯмандона даъват кардаанд ва барои роҳатии шумо ҳамагуна василаҳои пазироиро ҳам фароҳам сохтаанд, аммо чун шумо бо ҳамроҳи бародари бузургатон, ки воситаи ин даъват аст, ба ин меҳмонӣ меравед, аз мизбони худ ошноӣ надоред; тардиде нест, ки замони ворид шудан ба ин маҷлиси дилпазир, нахустин фикри шумо ин аст, ки мизбони худро бишносед ва аз ӯ ташаккур кунед.



Мо ҳам вақте ба ин суфраи густардаи офариниш нигоҳ мекунем ва анвои неъматҳое, ки дар ихтиёрамон қарор дорад, чашмони бино, гӯшҳои шунаво, ақлу ҳӯши кофӣ, нерӯҳои мухталифи ҷисмонӣ ва равонӣ, анвои василаҳои зиндагӣ ва ризқу рӯзиҳои поку покизаро дар ин суфраи паҳновар мебинем, беихтиёр ба ин фикр меафтем, ки бахшандаи ин ҳама неъматҳоро бишносем, агарчи ниёз ба ташаккури мо ҳам надошта бошад, аммо аз ӯ шукргузор бошем ва то ин корро накунем, эҳсоси нороҳатӣ вуҷудамонро фаро мегирад ва ин далели дигаре аст, ки моро ба думболи шиносоии Худованд савқ медиҳад.



 3 – Пайванду иртиботи суду зиёни мо бо ин масъала: Фикр кунед дар масири мусофирати худ ба чаҳорроҳе мерасид, ки дар онҷо ғавғое барпо аст, ҳама мегӯянд дар ин чаҳорроҳ таваққуф накунед, ки хатарҳои бузурге дорад, вале ҳар дастае моро ба самту сӯе даъват мекунад; яке мегӯяд беҳтарин роҳ ин аст, ки аз самти шарқ биравед, дигаре самти ғарбро осудатарин роҳ медонад, севумин даста ҳам моро ба роҳе, ки миёни ин ду вуҷуд дорад, даъват мекунад ва мегӯяд танҳо роҳи наҷот аз хатар ва расидан ба сарманзили наҷот ва ҷойгоҳи амну амон, ки ҳамагуна василаҳои комёбию саодатро доро бошад, ин роҳ аст.



Оё мо ба худ иҷоза медиҳем, ки бидуни мутолиа ва андеша, як роҳро интихоб кунем? Ва ё ақли мо мепазирад, ки дар ҳамонҷо мутаваққиф шавем ва ҳеҷ роҳеро интихоб накунем? Қатъан на.



Ақлу хирад ба мо мегӯяд ҳар чӣ зудтар шурӯъ ба баррасӣ ва мутолиа кунем ва суханҳои ҳар як аз ин гурӯҳҳоро ба диққат гӯш кунем ва дар ҳар кадом нишонаи ростию дурустӣ ва далелҳои қонеъкунанда буд, қабул кунем ва бо хотири осуда он роҳро интихоб карда, ба пеш ҳаркат кунем.



Дар зиндагии ин дунё ҳам мо чунин ҳолеро дорем; ҳар кадоми моро мазҳабҳо ва мактабҳои мухталиф ба сӯи худ даъват мекунад, вале аз онҷо, ки сарнавишти мо, хушбахтӣ ва бадбахтии мо, пешрафту пасрафти мо дар гарави баррасӣ ва интихоби беҳтарин роҳ аст, ба ночор дар ин бора фикр мекунем, роҳеро, ки сабаби пешрафтамон мебошад, интихоб мекунем ва аз ончи моро ба партгоҳи фасоду бадбахтӣ ва сияҳрӯзӣ мекашонад, парҳез мекунем.



Ин ҳам далели дигаре аст, ки моро ба мутолиа ва андеша дар бораи офаринандаи ҷаҳони ҳастӣ даъват мекунад.



 Қуръони маҷид мефармояд:



فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ



 Ба бандагони ман бишорат деҳ; онҳое, ки суханони гуногунро мешунаванд ва беҳтаринро интихоб мекунанд.” (Сураи Зумар/17-18).



 



 



 Фикр кунед ва посух диҳед.



 1 – Оё то ҳоло ғайр аз ончи аз падару модаратон дар бораи худошиносӣ шунидаед, худатон ба таври ҷиддӣ дар ин бора фикру андеша кардаед?



 2 – Оё метавонед бигӯед, ки байни худоҷӯӣ ва худошиносӣ чӣ фарқе вуҷуд дорад?



 3 – Оё то ҳоло дар замонҳои ниёиш бо Худованд эҳсоси лаззати амиқи рӯҳонӣ доштаед?